Қарори ҳокими вилояти Самарқанд


Дар бораи муайян кардани меъёри иҷтимоии майдони хонаву ҷой
Мувофиқи моддаи 42-юми Кодекси хонаву ҷойи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бо мақсади муайян кардани меъёр (норма)-и иҷтимоии майдони хонаву ҷой ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Меъёри иҷтимоии майдони хонаву ҷое, ки дар вилояти Самарқанд ба шаҳрвандон аз тарафи Бунёд (фонд)-и мунитсипалию хонаву ҷойи идоравӣ ва Бунёди хонаву ҷойи коммуналии мақсаднок дода мешаванд, мувофиқи илова тасдиқ карда шавад.
  2. Ҷонишини ҳокими вилоят (А.Шукуров), Садорати хизмати коммуналии хонаву ҷойи вилоят (Б.Неъматов) риояи қатъиро ба меъёри иҷтимоии муайяншудаи майдони хонаву ҷой, ки ба шаҳрвандон аз Бунёди мунитсипалию хонаву ҷойи идоравӣ ва Бунёди хонаву ҷойи коммуналии мақсаднок дода мешаванд, таъмин кунанд.
  3. Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят – котиби матбуот (М.Мирзоев) эълони қарори мазкурро дар рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», инчунин дар веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят гузоштани онро таъмин кунад.
  4. Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ эътиборан ба амал медарояд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини ҳокими вилоят А.Шукуров вогузошта шавад.
    Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
    15-уми феврали соли 2021 № Қ-20

ИЛОВА ба қарори ҳокими вилоят аз 15-уми феврали соли 2021 таҳти рақами Қ-20
Меъёри иҷтимоии майдони хонаву ҷой барои шаҳрвандон, ки Бунёди мунитсипалию хонаву ҷойи идоравӣ ва Бунёди хонаву ҷойи коммуналии мақсаднок аниқ кардаанд.

Меъёри хонаву ҷой Дар ҳадди ақал барои як кас
Дар ҳолатҳои одатӣ 16 м2
Барои ногироҳое, ки дар кресло-аробачаҳо ҳаракат мекунанд 23 м2

Эзоҳ: Мувофиқи моддаи 42-юми Кодекси хонаву ҷойи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба баъзе тоифаҳои шаҳрвандон зиёда аз меъёри иҷтимоии майдони хонаву ҷой майдони хонаву ҷойи иловагӣ ба тарзи як хона ё ки ба миқдори майдони умумии масоҳаташ ҳаждаҳ метри мураббаъ дода мешаванд. Миқдори чунин майдонҳо барои шаҳрвандоне, ки гирифтори намуди вазнини баъзе бемориҳои музмин шудаанд. Мувофиқи рӯйхат, ки Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ кардааст, инчунин аз рӯйи шароит ва хусусияти корҳое, ки шаҳрвандон иҷро мекунанд, ҳангоми зарурияти майдони иловагӣ, миқдори чунин майдонҳо мумкин зиёд карда шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ