Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мехоҳанд гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанд


Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ва Давлаталӣ Саид, нахустмуовини сарвазири Тоҷикистон сӯҳбати онлайн анҷом доданд.
Бино ба хабари вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, тарафҳо дар мулоқот ба рушди ҳамкориҳои ширкатҳои саноатии ду кишвар дар заминаи истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ таваҷҷӯҳ карданд.
Тарафҳо барои рушди ҳамкории муштарак оид ба рушди ҳаҷми савдои мутақобила созиш карданд.
Гуфта мешавад, ки ба зудӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе хонаҳои миллии савдои ду кишвар таъсис меёбанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ