Антонио Гутерриш: тақсимоти ваксинаҳо алайҳи коронавирус ноодилона ва нобаробар сурат мегирад


Тақсимоти ваксинаҳо алайҳи коронавируси нав дар ҷаҳон ноодилона ва нобаробар сурат мегирад ва ин метавонад боиси ба таври ҷиддӣ мураккаб шудани мубориза бо пандемия гардад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ роҳбари маъмурии созмони умумиҷаҳонӣ Антонио Гутерриш изҳор доштааст.
«Мо бояд коре бикунем, ки ҳамаи одамон дар ҳама ҷо имкон дошта бошанд, ки ҳарчи зудтар бо ваксина эм карда шаванд», — зикр кард Дабири кулли СММ. — Аммо, пешрафт дар боби марбут ба ваксинаҳо ба андозаи қобили мулоҳиза нобаробар ва ноодилона буд».
Гутерриш зикр кард, ки «75% ҳамаи эмгузарониҳо зидди COVID-19 танҳо дар 10 кишвар сурат гирифтаанд». «Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 130 кишвар ягон вояи [ваксина] нагирифтаанд», — таъкид кард Дабири кулли СММ.
Тавре ки роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иброз дошт, «агар ба вирус маҷоли густариш дода шавад», дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, пас «гунаҳои нав ба нави он пайдо хоҳанд шуд». «Гунаҳои нав метавонанд уфунитар, марговартар бошанд ва эҳтимол метавонанд ба самаранокии ваксинаҳо ва усулҳои ташхис ба таври ҷиддӣ таҳдид кунанд», — гуфт Гутерриш. Тавре ӯ таъкид кард, «аз ин сабаб пандемия метавонад ба таври назаррас идома ёбад» ва вирус доимо ба кишварҳои пешрафта интиқол хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ