Шавкат Мирзиёев меҳмони як оилаи шаҳри Наманган шуд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар давоми сафари кории худ дар Намангон рӯзи гузашта аз минтақаи хурди саноатии Даштбоғ дидан кард ва баъд бо шароити маҳаллаи Даштбоғ ошно шуд.
Ӯ меҳмони оилаи Исмоил Киргизов ва Малика Парпиева шуд ва бо онҳо сӯҳбат кард. Ҳамсояҳои ин оила низ ба сӯҳбат омаданд.
Мирзиёев гуфт, “Ман мехоҳам бештар бо одамони оддӣ сӯҳбат кунам, ба чашмони шумо нигоҳ кунам ва орзуҳои шуморо донам”.
Пиронсолон ба раисҷумҳур дар бораи натиҷаҳои эътибор ба системаи маҳалла ҳарф заданд ва аз зиндагии худ мисол оварданд. Онҳо таъкид карданд, ки муаммоҳои иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд ва шароити зиндагӣ беҳтар мегардад.
Раисҷумҳур гуфт, “Чаро ҳама қувваро ба маҳалла сарф мекунем? Бо рӯшан кардани як кӯчаи марказ одамон аз мо розӣ намешаванд-ку. Кӣ одамон, бонувон ва ҷавонони азизи маҳаллаҳои моро мешунавад?! 141 маҳаллаи вилояти Намангон низ муаммо дорад, яке об надорад, дар дигаре бекорӣ зиёд аст. Мо ин камбудиҳоро медонистем, эҳсос мекардем ва ба ин далел, бо маблағи калон омадем. Акнун кӣ онро назорат мекунад, кӣ дар бораи халқ фикр мекунад? Маҳалла ва ҷомеа. Акнун раиси маҳалла бояд касе бошад, ки ба навигариҳо кӯшиш кунад, муаммоҳои одамонро ҳал кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ