Сарвазир бо тадбиркорони самарқандӣ вохӯрд


Рӯзи 18-уми феврал Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Абдулла Арипов дар шаҳри Самарқанд бо як гурӯҳ тадбиркорон қабули сайёр гузаронд.

Дар идомаи вохӯрӣ беш аз 45 муроҷиати тадбиркорон доир ба гирифтани кредит, таъминоти қувваи барқ ва гази табиӣ, баъзе муаммоҳое, ки дар экспорт ва импорт ба ба миён меоянд, такмилдиҳии сохторҳои коммуникатсионии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра шунида шуд. Аксари масъалаҳое, ки аз тарафи тадбиркорон пешниҳод гардид, дар идомаи қабул ҳал гардид.
Доир ба ҳалли муроҷиатҳои дигар ба роҳбарони вазорат ва идораҳои дахлдор вазифаҳои амиқ дода шуд.

Хизмати ахбори ҳокимияти вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ