Рӯзноманигорон ва блогерҳо ройгон эм карда мешаванд – аъзои штаб



Тоифаи аҳолие, ки дар Ӯзбекистон ройгон эм карда мешаванд, эълон карда шуд.
Узви Ситоди назорати коронавирусӣ Нурмат Отабеков гуфт, ки рӯйхати гирандагони ваксинаи коронавирус дар Ӯзбекистон васеъ шудааст. Ба гуфтаи вай, рӯзноманигорон, блогерҳо, кормандони ВАО, кормандони нақлиёти ҷамъиятӣ (метро, роҳи оҳан, ходимони аэропорт), донишҷӯёне, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, муҳоҷирони меҳнатӣ низ эм карда мешаванд.
Нурмат Отабеков ба Kun.uz гуфтааст, ки ҳамаи тоифаҳои дар боло номбаршуда ба таври ройгон эм карда мешаванд.
-Ваксинаҳое, ки Фонди Глобалӣ овардааст, ройгон мебошанд. Оиди ройгон амалӣ карда шудани ваксинаҳои истеҳсолкарда ва харидаи Ӯзбекистон, ба аҳолии шомили гурӯҳи хатар фармони роҳбари ҳукумат ҳаст. Агар диққат диҳед, дар паёми Президент ба парлумон гуфта шуда буд, ки мо дар соли 2021 барои мубориза бо коронавирус, аз ҷумла барои ваксина 3 триллион сӯм ҷудо мекунем, гуфта буданд. Одамони зери хатар бепул эм карда мешаванд, — гуфт ӯ.
Ҷумҳурияти Қарақалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳо ба рӯзҳои эмгузаронии коронавирус омодагӣ мебинанд ва мутахассисон барои расонидани ёрии амалӣ ва методӣ ба онҳо таъин карда шудаанд. Дар вақти эмгузаронӣ, гурӯҳҳои корӣ ва сайёр, беморхонаҳо дар ҳолати омода қарор доранд, ки ҳангоми вокуниши номусоид пас аз ваксина ёрии таъҷилӣ мерасонанд.
Отабеков таъкид кард, ки ҳарчанд вазъи эпидемиологӣ мӯътадил бошад ҳам, эҳтиёткорӣ набояд аз мадди назар дур бошад. Инчунин бояд қоидаҳоро, ба монанди нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ қатъӣ риоя кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ