Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид



18-уми феврал вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе рафта буд, баргузор гардид. Дар ин бораи АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилоъи манбаъ вазирони корҳои хориҷӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои бародарона ва ҳусни эҳтироми мутақобил вазирон таъкид намуданд, ки бо саъйи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегиро минбаъд низ нигоҳ дошта, вазифаҳои гузоштаи сарони давлатҳоро пайгирона иҷро хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ