Зимистони қаҳратун боиси марги 34 нафар амрикоӣ шуд


Сармои шадиди зимистон, ки дар ИМА идома медиҳад, то ҳол боиси марги 34 нафар шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии СBS хабар дод.
Аксарияти қурбониён – 20 нафар сокинони Техас мебошанд. Дар натиҷаи сармо онҳо дар ҳодисаҳои гуногун қурбон шудаанд. Сабаби асосии марги сокинон сармохӯрӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки то ҳол ҳудуди 300 ҳазор нафар сокини Техас аз барқ маҳруманд. Бориши барфи зиёд дар шабакаҳои барқрасонӣ муаммоҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ