Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» расонид.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.
Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Тоҷикистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Хизмати матбуоти Вазирати корҳои хориҷӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ