«Аждаҳои хуфта»: Кӯли Сарез 110-сола шуд


Кӯли Сарез дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон 18 феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзае ба вуҷуд омадааст.
Сарез калонтарин кӯли ҷаҳон дар баландкӯҳҳо мебошад. Он дар баландии 3255 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии кӯл тақрибан 70 километр, умқи он 500 метр мебошад. Ҳаҷми оби кӯл беш аз 17 километр мукааб аст.
6 сол пеш дар минтақаи Сарез заминларзае рух дод, ки шиддати он мисли заминларзаи соли 1911 буд. Аммо, ба гуфтаи Анатолий Ишук – мутахассиси зилзилашиносии Тоҷикистон, заминларза ба садди табиии кӯл осебе нарасондааст.
Дар Тоҷикистон идораи махсус вазъу ҳоли Сарезро доимӣ назорат мекунад. Наҷотдиҳандагони Бадахшон дар ҳар се соат дар бораи ҳолати кӯл ба Душанбе ҳисобот медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ