Ду шатранҷбози ӯзбекистонӣ дар рейтинги ФИДЕ дар TOP-10 ҷойгиранд



Бино ба иттилои хадамоти иттилоотии Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Федератсияи байналмилалии шоҳмот, яъне ФИДЕ ҷадвали нави рейтингии худро барои моҳи феврал эълон кард. Ҷолиби диққат аст, ки дар рейтинги наврасони созмон ду ҳамватани мо ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуданд. Инҳо Нодирбек Абдусатторов (дар ҷои 4-ум) ва бародарзодаи ӯ Нодирбек Ёқуббоев (8-ум) мебошанд.

Боз ду шатранҷбози ҷавон ва боистеъдод ба гурӯҳи ТОП-30 дохил карда шуданд. Ҷавоҳир Синдоров, яке аз ҷавонтарин гроссмейстери ҷаҳон, дар ҷои 26-ум ва Шамсиддин Воҳидов дар ҷои 30-юм мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ