Корҳои таъмиру навсозии 63 километр қитъаи хати интиқоли барқ Гузар — Регар оғоз шуд



Дар мамлакатамон корҳои таъмиру навсозии 63 километр қитъаи хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ Гузар — Регар оғоз шуд.
Барои нигаҳдории тавозуни захираҳои энергетикӣ ва обӣ, инчунин таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ, Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ мекунад.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҶС “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” лоиҳаи сармоягузории “Таҷдиди хати интиқоли барқи 500 кВ Гузар — Регар(Л-507)”-ро татбиқ мекунад.
Гуфта мешавад, маблағи харҷи пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ шуда, анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи мазкур семоҳаи чоруми соли равон дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати Shanghai Electric Power Transmission & Distribution-и Чин, ки ғолиби тендери байнулмилалӣ аст, амалӣ мешавад.
Лоиҳа бар асоси санади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳия ва амалӣ мешавад. Он ба таъмини эътимоднокии таъмин бо барқ зимни кори ҳамсони низомҳои энергетикии ду кишвар равона шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ