Мусоҳибаи аввалини Шавкат Мирзиёев бо журналистони ӯзбекистонӣ. Мухбири Kun.uz дар бораи монеаҳои ислоҳотҳо пурсид




Манзили навбатӣ дар ташрифи Президент ба Намангон мономаркази » Марҳамат ба кор» шуд. Роҳбари давлат дар ин ҷо бо вакилони ВАО вохӯрд.

Шавкат Мирзиёев ҷавобан ба саволи мухбири Kun.uz «Дар ҳамаи тадбирҳо, сафарҳо ба вилоятҳо ислоҳотҳои калон пешбинӣ ва нақшаҳои нав кашида мешаванд. Ба фикри Шумо барои ба дараҷаи розӣ шудани халқи мо, пур шудани дили Шумо амалӣ гардидани ин ислоҳот чиҳо монеа мешаванд?» се муаммои долзарбро гуфт.

» Дар навбати аввал масъалаи кадрҳо. Ин сохтори хеле чуқур,дар он муаммоҳо бисёранд. Бояд аз поин сар кард.Дараҷаи таъминот бо муассисаҳои таълими томактабӣ ба дараҷаи 15 фоиз фаромада буд. Дар Тошканд имсол 100 фоиз мешавад. Агар дар Намангон ҳоло 11 фоиз бошад, то охири сол 45 фоиз мешавад.

Дар таълими халқ низ тағирот бисёр аст. Адади муассисаҳои олӣ аз 47 ба130 — то расид. Ҳамаи ин барои тайёр кардани кадрҳои хуб карда мешавад. Яъне, масъалаи якум — кадрҳо.

Муаммои дуюм, ки ба пои мо побанд мешавад, ришват аст. Ришватро чи хел лаҷом задан мумкин аст. Чи кор кунем, ки мулки халқро, маблағе, ки бо андози машаққатнок ҷамъоварӣ кардаем ҳифз намоем? Ҳоло мебинед, ки ҳар ҳафта камаш ду ҳолати ришватхӯрии калон ошкор мешавад. Худи ман бисёр мехоҳам, ки ин муаммо ҳал шавад. Агентии мубориза бар зидди ришватро ташкил кардем, қарорҳо қабул мекунем, як қатор соҳаро «соҳаи бе ришват» эълон кардем. Ба таври мунтазам мубориза мебарем. Вале ҳоло кор бисёр аст. Мутаассифона, ин ҳам масъалаи бисёр ҷиддӣ ва доимо эътибор талаб мекунад,

Масъалаи сеюм, дар ҷойҳо моҳияти ин масъаларо нафаҳмиданд роҳбарон мебошад. Ин ҳам халқи моро ба андеша водор мекунад.

Мумкин аст ки шумо гӯед, ки ҳамон роҳбаронро худи шумо таъин мекунед -ку! Ман масалан, барои тавсия кардани як ҳоким камаш аз даҳ кас якеашро интихоб мекунам. Аз сабаби он, ки вақти бисёр ба дониш эътибор надодем, масъалаи кадрҳо чунин шуд, ҳалли он вақтро талаб мекунад.

Вақташ ояд, ман ба ин саволи шумо дигар хел ҷавоб медиҳам. Барои ҳалли масъалаҳои дар савол буда вақт ва ёрии шумо низ даркор аст. Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ — ёрдамчиёни ман. Муаммое, ки ҳоло мавҷуд аст, рӯи рост бояд равшан кунед, — гуфт роҳбари давлат

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ