Дар Ӯзбекистон пурсуҷӯи боздоштшудагон бе иштироки адвокат манъ шуд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон қонуни ислоҳ ва тағйири кодексҳои ҷиноии кишварро имзо кард. Дар ин бора СentralAsia ба нақл аз канали телеграмии вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар дод.
Акнун муҳлати 48-соатии боздошт аз лаҳзаи боздошт шудани шахс ҳисоб мешавад. Қаблан ин муҳлат аз вақти ба ягон идораи ҳифзи ҳуқуқ интиқол ёфтани боздоштшуда оғоз мешуд.
Ҳамчунин, шахс баъди боздошт шудан барои мулоқоти алоҳида бо адвокат имкон хоҳад дошт ва пурсуҷӯи вай бе иштироки адвокат манъ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ