21-уми феврал — Рӯзи байналмилалии забони модарӣ30 ФАКТИ ШАВҚОВАР ДАР БОРАИ ЗАБОНҲОИ ҶАҲОН



Имрӯзҳо миқдори умумии забонҳо ба 6500 мерасад. Миёни ин забонҳо душвортарин, паҳнтарин ва дигар «…тарин»-ҳоро метавон вохӯрд. Таваҷҷуҳ кунед, ба чанд далели ҷолиб оид ба забонҳо.

1. Миқдори умумии забонҳои дунё қариб ба 6500 мерасад. Инчунин бо зиёда аз 2000 забон, камтар аз ҳазор нафар одам суханронӣ мекунанд.

2. СММ дорои 6 забони расмӣ мебошад: англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, хитоӣ, русӣ ва испанӣ.

3. Китобе ки зиёдтар аз ҳама тарҷума шудааст, Библия мебошад.

4. Мувофиқи китоби рекордҳои Гиннес, дарозтарин палиндром (калимае, ки аз ду тараф як хел хонда мешавад) калимаи финии «SAIPPUAKIVIKAUPPIAS» (фурӯшандаи собун) ба ҳисоб меравад.

5. Калимаи «модар» дар аксарият забонҳо бо ҳарфи «м» оғоз мешавад.

6. Айни ҳол қадимтарин ҳарфи алифбо — ҳарфи «О» ба шумор меравад.

7. Барои ибораи русии «Я люблю вас»-ро дуруст талаффуз намудан, англисзабонон ибораи «Yellow-blue bus»-ро истифода мебаранд.

8. Соли 2001 дар Белгия садамае дар роҳи оҳан рӯй дод, ки сабабаш душворӣ дар забон буд. Ҳангоме, ки машинисти яке аз қатораҳо аз яке аз семафор гузашт, диспетчер ба ҳамкори худ занг зад то ӯро хабардор кунад. Диспетчерон якдигарро нафаҳмиданд, чунки яке бо ҳоландӣ ва дигаре бо фаронсавӣ гап мезад. Ҳар дуи ин забонҳо забонҳои давлатии Белгия маҳсуб меёбанд.

9. Забонҳои имову ишора, ки ношунавоён истифода мебаранд, чун забонҳои маъмулӣ аз рӯйи минтақа аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

10. Сокинони ҷазираи Бугенвил дар уқёнуси Ором бо забоне гуфтугӯ мекунанд, ки аз 12 ҳарф (дар баъзе маъхазҳо 11 ҳарф) иборат аст. Алифбои забони онҳо ҳарфҳои зеринро дар бар мегирад: a, e, g, i, k, o, p, r, s, t, u, v.

11. Зиёдтарин миқдори ҳарфҳо дар алифбои забони кхмерӣ мавҷуданд. Алифбои забони кхмерӣ дорои 72 ҳарф мебошад. Ин забон ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил гардидааст.

12. Сокинони Папуаи Гвинеяи Нав қариб бо 700 забон (тақрибан 15% тамоми забонҳои дунё) гуфтугӯ мекунанд. Мантиқан, яке ва ё чанде аз ин забонҳоро забони давлатӣ гузоштан дуруст нест. Аз ҳамин сабаб, конститутсияи давлат ягон забонеро забони давлатӣ эътироф накардааст ва дар ҳуҷҷатнигорӣ забонҳои англисӣ ва гунаи маҳаллии он — пинджин-инглиш истифода мешавад.

13. Дар қитъаи Африқо зиёда аз 1000 забони гуногун мавҷуд аст ва дар забони барбарӣ, дар шимоли Африқо, ҳатто хат вуҷуд надорад.

14. Дар Мисри Қадим зардолуро «тухми офтоб» меномиданд.

15. Калимаҳои «ҳушёрӣ» ва «чой» дар забони хитоӣ дорои як иероглиф мебошанд.

16. Аз ибтидо дар забони русӣ қоидае амал мекард, ки калимаҳои русӣ бо ҳарфи «а» оғоз намеёфтанд. Имрӯзҳо қариб ҳама калимаҳои русие, ки бо «а» оғоз мегарданд, аз дигар забонҳо мебошанд.

17. Дар забони эскимосҳо калимаи «барф» дорои 20 синоним мебошад.

18. Забони англисӣ зиёда аз 600 000 калимаро дорост.

19. Ҳарфи лотинии W дар алифбои лотинӣ вуҷуд надошт.

20. Нависандаи Эрнест Винсент Райт соҳиби романе, бо номи «Гедсби» мебошад, ки зиёда аз 50 000 калима дорад, аммо дар ин роман тамоман ҳарфи «Е» (аз ҳама ҳарфи зиёд истифодашаванда) вуҷуд надорад.

21. Тарҷумаи калимаи «вирус» аз лотинӣ маънои «заҳр»-ро орад.

22. Ба ҳисоби миёна рӯҳониҳо, ҳуқуқшиносон ва духтурон дорои 15,000 калима дар базаи луғавии худ мебошанд. Коргарони боихтисос, ки мактаби олиро хатм накардаанд тақрибан дорои 5-7 ҳазор калима дар базаи луғавии худ мебошанд.

23. Калимаи «news» (хабар, ахбор) дар забони англисӣ аслан аз аввали калимаҳои самтҳо (North — шимол, East — шарқ, West — ғарб, South — ҷануб) ба вуҷуд омадааст. Аз ҳамин сабаб шакли ҷамъ ва ё танҳо надорад.

24. Қадиматрин забони хаттӣ забони шумерӣ ба ҳисоб меравад. Ин забон тақрибан 3500 сол пеш аз милод дар Месопотамии ба вуҷуд омадааст.

25. Калимаи англисии «тӯҳфа» (gift) дар забони олмонӣ маънои «заҳр»-ро дорад.

26. Дар Мексика, мардони қабилаи Матсатеко забони махсусеро бо ҳуштак «барои мардон» фикр карда баромада буданд, ки занҳо ин забонро намефаҳмиданд.

27. Яке аз роҳҳои ба забони олмонӣ гуфтани «Ин кори ту нест!» чунин аст: «Ин пивои ту нест!» (аслӣ: DasistnichtdeinBier!).

28. Каме монда буд,

то забони олмонӣ забони расмии ИМА гардад. Ҳангоми револютсия ақидае пайдо гашт, барои қатъи муносибат бо Англия, аз яке аз усулҳо — забони наверо ҷорӣ кардан, истифода намоянд. Ҳангоми овоздиҳӣ ба забони олмонӣ танҳо як овоз нарасид!

29. Дар забони русӣ аз ҳама калимаҳое, ки зиёдтар истифода мешаванд, калимаҳои и; в; не; он; на; я; что; тот; быть; с маҳсуб мешаванд.

30. Дар забони англисӣ аз ҳама калимаҳое, ки зиёдтар истифода мешаванд, калимаҳоиthe, be, to, of, and, a, in, that, have, I ба шумор мераванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ