Каземиро ғалабаи “Реал”-ро таъмин кард



Бошгоҳи “шоҳона”-и Мадрид дар бозии даври 24-уми Ла Лига меҳмони “Валядолид” шуд ва дар он бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ҳар ду даста дар арафаи баргузории бозии мазкур дучори мушкилиҳои зиёди кадрӣ буданд. Дар ҳайати “Реал Мадрид” дар ин бозӣ 9 нафар футболбозон бо шумули беҳтарин нишонзани даста-Карим Бензема имкони иштирок дар рақобатро надоштанд. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳо “гаразмони”-ҳо дар рафти ин рақобат бартарии худро нишон дода, соҳиби 3 имтиёзи зарурӣ шуданд. Голи ягона ва пирӯзиовари ин рақобатро Каземиро зад. Ӯ дар дақиқаи 65-ум як партоби голбахшои Тони Кроосро истифода намуда дар ин мавсим 5-умин голи худро вориди дарвозаи рақибон кард. Ҳоло ӯ баъди Карим Бензема дуюмин нишонзани беҳтарин дар ҳайати бошгоҳи “шоҳона” аст.
Баъд аз ин ғалаба “Реал” бо 52 хол дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи дигари шаҳри Мадрид “Атлетико”, ки садрнишини ҷадвали Ла Лига аст, дар ин давр ба таври ҳангомавӣ дар майдони худ аз “Леванте” шикаст хӯрд. Ҳоло фарқ байни 2 довталаби асосии қаҳрамонӣ дар пойгаи қаҳрамонӣ ба 3 имтиёз расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ