Мунтазир бошед: барф меборад


Рӯзҳои 23-26 феврал аз ҳудуди Русия ба Ӯзбекистон шабакаи ҳавои сард ворид мегардад. Дар шимоли кишварамон ҳарорати ҳаво то 22 дараҷа сард хоҳад шуд.
Бино ба хабари хадамоти ҳавошиносӣ – «Ӯзгидромет», фардо, 23 феврал борон, рӯзи 24 феврал барфу борон омехта меборад. Бориши барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ шиддат хоҳад гирифт.
Рӯзҳои 25-26 феврал ҳарорати ҳаво шабона то 12 дараҷа ва рӯзона то 7 дараҷа сард хоҳад шуд. Сардии ҳаво шабона дар Хоразм то 17 дараҷа ва дар Қароқалпоқистон то 22 дараҷа хоҳад буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ