Исроилиён баъди ваксиназанӣ бо штрих-коди сабз соҳиби имтиёзҳои махсус мегарданд


Исроил маҳдудиятҳоро марҳила ба марҳила бекор мекунад. Аз рӯзи якшанбе дар ин кишвар мағозаҳо, фурӯшгоҳҳо, музей ва китобхонаҳо аз нав ба кор шурӯъ карданд. Донишомӯзон баъди таҳсили думоҳаи фосилавӣ боз ба мактаб мераванд.
Бино ба хабари Евронюз, шаҳрвандони Исроил баъди ваксиназанӣ соҳиби имтиёзҳои махсус мегарданд, ки дигарон дар даври пандемия надоранд.
Шаҳрвандоне, ки бо 2 дозаи ваксинаи зидди коронавирус эм шудаанд, метавонанд комилан озодона зиндагии муқаррариро идома диҳанд. Касоне, ки бар зидди коронавирус эм шудаанд, дар смартфони худ штрих-коди махсуси сабз доранд, ки ин дар ҳама ҷо ба онҳо дарҳоро боз мекунад. Онҳо метавонанд ба толорҳои варзишӣ, синамову кино ва ғайра раванд. Бенямин Натанёҳу, сарвазири Исроил ҳамчун намуна ба шаҳрвандон ба толори варзишӣ рафт.
Чанд кишваре, ки иқтисодашон ба сайёҳӣ вобаста аст, аз ҷумла, Юнонистон эълон кард, ки ба қабули шаҳрвандони эмшудаи исроилӣ омода мебошанд.
Ёдовар мешавем, Исроил аз ҷиҳати суръати ваксиназанӣ ба аҳолӣ кишвари аввали ҷаҳон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ