Соли оянда Ӯзбекистон мезбони мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар миёни ҷавонон мешавад


Ӯзбекистон соли 2022 мезбони мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар миёни ҷавонони зери сини 23 мешавад. Дар ин бора маркази матбуотии Созмони футболи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
СФӮ чанде пеш барои мезбонӣ кардан ба ин мусобиқаи мӯътабар ба Конфедератсияи футболи Осиё муроҷиат карда буд. КФО муроҷиати созмонро қабул кард ва акнун, соли оянда дастаҳои миллии ҷавонони Осиё дар Ӯзбекистон ҷамъ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ин мусобиқа сар аз соли 2013 баргузор мешавад. То ҳол дар ин мусобиқа дастаҳои миллии Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва Ироқ пирӯзиро ба даст овардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ