Марҳилаи вилоятии озмуни китобдӯстон поён ёфт


Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳурии “Китобхони ҷавон” барпо шуд. Дар озмун 48 нафар китобхон, ки дар марҳилаи шаҳру ноҳияҳо ғолиб гардиданд, иштирок карданд.
Доварон бар асоси шартҳои озмун 3 нафар китобхонро ғолиб донистанд. Ҳафиза Ҳасанова, сокини ноҳияи Пайариқ дар тоифаи синни 10-14, Гулсанам Абдулҳакимоваи оқдарёӣ дар тоифаи синни 15-19 ва Гулҳаё Эшмоноваи нарпаӣ дар тоифаи синни 20-30 ғолиб шуданд.
Гулсанам Абдулҳакимова, яке аз ғолибон гуфт, “Ман имсол дар миёни ҷавонони зери синни 15-19 имконияти худро имтиҳон мекунам. Мақсади ман ба даст овардани “Спарк” нест, мехоҳам илми худро зиёд ва нутқамро равон кунам. Ман дар 2 сол беш аз 100 китоби бадеӣ хондам.
Ёдовар мешавем, ин се нафар духтари китобдӯст дар марҳилаи ҷумҳурӣ аз вилояти Самарқанд намояндагӣ мекунанд.
Диёрбек Баҳодиров

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ