26-уми феврал сессияи бисту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд гузаронида мешавад



Қарори ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов аз 22-юми феврали соли 2021 «Дар бораи сессияи бисту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум» қабул гардид.
Мувофиқи қарор сессияи бисту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум рӯзи 26-уми феврали соли 2021 дар соати 10:00 даъват карда мешавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шудаанд;
– ҳисоботи сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Ш.Раҳмонов “Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар вилоят ва вазъи профилактикаи онҳо”;
– ҳисоботи роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ҳудудгаз Самарқанд” О.Исоқулов доир ба корҳое, ки бобати назорати гази табиӣ дар вилоят ва татбиқи сохтори автоматикунонидашудаи ҳисоб амалӣ мегарданд;
– ҳисоботи сарвари Садорати ҳудудии мубориза бар муқобили монополияи вилоят А.Бекқулов “Дар бораи вазифаҳои устуворе, ки иҷрои онҳо дар соли 2021 пешбинӣ шудааст ”;
– масъалаҳои дигар;

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ