Дар Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай кушода шуд



Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Қабулҷон Собиров, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, Котиби генералии Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Ҷэн Вей, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибоев, сардори шуъбаи консулӣ ва маъмурии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лу Ҷянлун, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон Имран Ҳайдар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Фаррух Азизов иштирок ва сухан намуданд.
Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон фаъолият менамояд. Ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти маркази мазкур тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, коркарди ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалият мебошад.
Сохтори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон аз директор, муовини директор, шуъбаи сиёсат ва ҳамкории дипломатӣ, шуъбаи таҳлил ва рушди дурнамои ҳамкорӣ, шуъбаи илм, маориф ва иҷтимоиёт, котибот, бахши ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва муҳосибот иборат аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ