Акнун ҷалби ноболиғон ба кори маҷбурӣ ҷиноят ҳисоб меёбад

То имрӯз барои ҷалби ноболиғон ба корҳои маҷбурӣ бар асоси моддаи 51-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ аз 70 то 100 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима муқаррар буд. Ҳамчунин, бино ба қисми 2-юми моддаи 148-уми Кодекси ҷиноӣ, дар сурати такрори ин амал ҷарима ба ҳаҷми аз 150 то 200 баробари миқдори ҳисоби базавӣ, ё маҳрумият аз ҳуқуқҳои муайян ба муҳлати то 3 сол, ё корҳои ислоҳи ахлоқ ба ҳамин муҳлат пешбинӣ шуда буд.
Рӯзи 12 феврали соли 2021 Раисҷумҳури кишварамон қонуни “Дар бораи ислоҳ ва илова ба Кодексҳои ҷиноӣ, мурофиавии ҷиноӣ ва Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ”-ро имзо кард. Дар натиҷа, аз моддаи 51-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ қисми дувум хориҷ шуд. Илова бар ин, ҷумлаи “баъди иҷрои ҷазои маъмурӣ барои чунин амал”-ро аз қисми 2-юми моддаи 148-уми Кодекси ҷиноӣ ҳазф карданд.
Акнун, дар ҳолати ҷалби ноболиғон ба кори маҷбурӣ ҷазои маъмурӣ таъин намешавад, балки бар асоси қисми 2-юми моддаи 148-уми Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз мегардад. Дар сурати содир шудани чунин ҷиноят ҷарима ба ҳаҷми аз 150 то 200 баробари миқдори ҳисоби базавӣ, ё маҳрумият аз ҳуқуқҳои муайян ба муҳлати то 3 сол, ё корҳои ислоҳи ахлоқ ба ҳамин муҳлат таъин мешавад.
Ш. Холиқулов
Муовини раиси инспексияи давлатии кори шӯъбаи шуғли аҳолии вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ