Марҳилаи вилоятии озмуни китобдӯстон поён ёфт

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд зинаи вилоятии озмуни ҷумҳурии «Китобхони ҷавон» барпо шуд. Дар озмун 48 нафар китобхон, ки дар марҳилаи шаҳру ноҳиявӣ ғолиб гардидаанд, иштирок карданд.
Доварон бар асоси шартҳои озмун 3 нафар китобхонро ғолиб донистанд.
Ҳафиза Ҳасанова, сокини ноҳияи Пайариқ дар тоифаи синни 10–14, Гулсанам Абдулҳакимоваи оқдарёӣ дар тоифаи синни 15–19 ва Гулҳаё Эшмоноваи нарпаӣ дар тоифаи синни 20–30 дастболо шуданд.
– Ман имсол дар озмуни ҷумҳуриятӣ иштирок мекунам гуфт, ки – Гулсанам Абдулҳакимова. — Мақсади ман ба даст овардани «Спарк» нест, мехоҳам илми худро зиёд ва нутқамро равон кунам. Ман дар давоми 2 сол беш аз 100 китоби бадеӣ хондам.
Ёдовар мешавем, ин се нафар духтари китобдӯст дар марҳилаи ҷумҳурӣ аз вилояти Самарқанд намояндагӣ мекунанд.

Диёрбек БАҲОДИРОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ