Хоҷагии қишлоқ: ислоҳоти сохтор ба зинаи нав мебарояд

Бино ба маълумотҳои солҳои охир дар мамлакатамон зиёда аз 16,4 миллион нафар (49,4 фоизи аҳолии умумӣ) дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аз ҳамин сабаб дар асоси инноватсия ташкил кардани фаъолияти субъектҳое, ки бо расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғуланд аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.
Таҷрибаи глобалӣ нишон медиҳад, ки муваффақияти афзоиши иқтисодии Хитой, Ҳиндустон, Бразилия, Чили ва Ветнам аз бисёр ҷиҳат бо ривоҷи босуръати хоҷагии қишлоқ вобаста буда, оқибмонии баъзе мамлакатҳои Африқо бо дараҷаи кофӣ таъмин нагардидани самарадории меҳнат дар хоҷагии қиш­лоқи он эзоҳ дода мешавад.
Бино ба тадқиқотҳо дар хоҷагии қиш­лоқ ба 1 доллар афзудани истеҳсолот дар соҳаҳои дигари иқтисодиёт низ ба 1 доллари баландшавии маҳсулоттайёркунӣ оварда мерасонад. Дар сохторҳои дигари иқтисодиёт ба 1 доллар зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот ба 0,18 доллар афзудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқро таъмин месозад. Боз як ҷиҳаташ, афзоиши самаранокии меҳнат дар сохтор имкони бо хӯрокворӣ таъмин кардани аҳолиро дар самтҳои дигар медиҳад.
Ҳоло талаб ба маҳсулоти саноатӣ (нуриҳо, асбоб-­ускунаҳо ва мошинҳо) зиёд мешавад. Бо зиёд шудани даромади аҳолие, ки дар соҳа машғуланд, эҳтиёҷ ба молҳои зарурии истеъмолӣ меафзояд. Ин, дар навбати худ барои пешравии соҳаи саноат мусоидат мекунад.
Соли 2020 дар аксари сохторҳои иқтисодиёт афзоиш нисбат ба соли 2019 афзуд. Соҳаи хизматрасонӣ ба 2,6 фоиз, сохтмон ба 7,3 фоиз, истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ба 1,2 фоиз зиёд гардиданд.
Кластер-­сохтори босамар
Имрӯзҳо аз содироти ашёи хоми пахта даст кашида, ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ эътибори калон додан, ба ҷойи хоҷагиҳои қафомонда бунёд кардани кластерҳо лозим аст.
Дар доираи кластерҳои хоҷагии қиш­лоқ дар мамлакатамон аз рӯйи коркард, ҳифз ва хушконидани маҳсулот 96 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, аз рӯйи дар 6 ҳазор гектар майдон ташкил кардани боғҳои интенсивӣ ва қариб дар 8 ҳазор гектар замин бунёд кардани токзорҳо лоиҳаҳо пешкаш шудаанд. Дар давоми соли гузашта 410 миллион долларина маҳсулоти кластерҳо содирот гардид.
Пандемия ва имконияти хӯрокхӯрии солим
Covid‑19 на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба манбаъҳои рӯзгузаронии онҳо хавфи калон меандозад.
Дар баъзе мамлакатҳо паҳншавии пандемия суст ва ҳолатҳои инфексия кам шуда бошад, дар дигар ҷойҳо коронавируси штамми нав босуръат паҳн мешавад.
Чораҳои зудамал дида нашаванд, муаммои норасоии хӯрокворӣ ба миён меояд. Ин асосан бо норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста буда, даромадҳо мефароянд, пулгузарониҳо ихтисор ва нархҳо баланд мешаванд. Дар мамлакатҳое, ки муаммои бехавфии хӯрок пайдо мешаванд, имрӯзҳо баробари норасоии хӯрокворӣ инқирози истеҳсоли онҳо хавф меандозад. Дар дунё шумораи одамоне, ки ба қадри кофӣ хӯрок намехӯранд, меафзояд. Дар чунин шароит дар баъзе мамлакатҳои Аврупо бемории коронавируси штамми нав паҳн мегардад. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2020 дар натиҷаи таназзули иқтисодии ба туфайли пандемия ба миён омада, дар дунё аз гушнагӣ беш аз 120 миллион одам азият кашиданд. Афзоиши бекорӣ, гумшавии манбаъҳои даромад ва зиёдшавии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва ривоҷёфта ҳам, бо маҳсулоти хӯрокворӣ бемамоният таъмин карданро зери хавф мемонад ва хатарҳои ҷиддиро ба миён меовард.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии статистика дар нимсолаи аввали соли гузашта иқтисодиёт каме бошад ҳам, ба афзудан давом кард. Маҳсулоти умумии дохилӣ 255253 миллиард сӯм ё ин ки 0.2 фоиз афзуд. Афзоиши арзишҳои ҳамроҳшудаи маҳсулоти умумии сохторҳо 0,3 фоизро ташкил кард.
Бино ба маълумоти Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигӣ дар ҳолати нимсолаи аввали соли 2020 дар 327,3 ҳазор гектар замин кишти такрорӣ, аз ҷумла дар 25,9 ҳазор гектар сабзавот, дар 15 ҳазор гектар маҳсулоти полизӣ, дар 930 гектар картошка, дар 285,5 ҳазор гектар навъҳои дигари зироат кишт шуд. Дар 38,5 ҳазор хонадон гармхонаҳо бунёд гардиданд. Дар натиҷаи ин хел чораву тадбирҳо имрӯзҳо дар мамлакатамон маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ захира шудааст.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ