Ҷалби ноболиғон ба кори маҷбурӣ ҷиноят аст

То имрӯз барои ҷалби ноболиғон ба корҳои маҷбурӣ бар асоси моддаи 51-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ аз 70 то 100 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима муқаррар буд. Ҳамчунин, бино ба қисми 2-юми моддаи 148-уми Кодекси ҷиноӣ, дар сурати такрори ин амал ҷарима ба ҳаҷми аз 150 то 200 баробари миқдори ҳисоби базавӣ, ё маҳрумият аз ҳуқуқҳои муайян ба муҳлати то 3 сол, ё корҳои ислоҳи ахлоқ ба ҳамин муҳлат пешбинӣ шуда буд.
Рӯзи 12-уми феврали соли 2021 Президенти кишварамон қонун «Дар бораи ислоҳ ва илова ба Кодексҳои ҷиноӣ, мурофиавии ҷиноӣ ва Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ»-ро имзо кард. Дар натиҷа, аз моддаи 51-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ қисми дувум хориҷ шуд. Илова бар ин, аз қисми 2-юми моддаи 148-уми Кодекси ҷиноӣ ҷумлаи «баъди иҷрои ҷазои маъмурӣ барои чунин амал»-ро ислоҳ карданд.
Акнун, дар ҳолати ҷалби ноболиғон ба кори маҷбурӣ ҷазои маъмурӣ таъин намешавад, балки бар асоси қисми 2-юми моддаи 148-уми Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз мегардад. Дар сурати содир шудани чунин ҷиноят ҷарима ба ҳаҷми аз 150 то 200 баробари миқдори ҳисоби базавӣ, ё маҳрумият аз ҳуқуқҳои муайян ба муҳлати то 3 сол, ё корҳои ислоҳи ахлоқ ба ҳамин муҳлат таъин мешавад.

Ш.ХОЛИҚУЛОВ,
ҷонишини раиси инспексияи давлатии кори шӯъбаи таъмини шуғли аҳолии вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ