«Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем!»



Чунин ном дошт, тадбири фарҳангие, ки дар мактаби таълими умумии рақами 14-и ноҳияи Самарқанд баргузор гардид.
Чорабиниро муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, ташкилкунандаи тадбир Дилдора Ҳамдамова ифтитоҳ бахшид.
Сипас, як гурӯҳ хонандагони пешқадами мактаб дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоири таронасарои Ватан – Ҳабиб Юсуфӣ маълумот доданд.
Зикр гашт, ки шоири маъруфи самарқандӣ Ҳабиб Юсуфӣ дар умри кӯтоҳи худ (ҳамагӣ 29-сол) шеърҳои зиёде навишт. Ӯ 22-юми феврали соли 1945 дар роҳи озод кардани Ватан мардонавор ҳалок гашт.
Сипас, хонандагон шеърҳои шоирро бо истеъдоди баланд қироат карданд. Аз ҳаёти шоир саҳначаҳо гузоштанд. Якҷоя бо устодашон –Дилдора Ҳамдамова шеъри «Ишқи Ватан»-и Ҳабиб Юсуфиро бо оҳанг суруданд.
Баромади хонандагони пешқадам Гулрух Ҳалимова, Парвина Зиёдуллоева, Шаҳзода Тиллоева, Ҷасмина Наимҷонова, Фарҳод Исомиддинов, Диёр Набиев ва дигарон бисёр дилангез буд.
Инчунин, гулдухтарони мактаб бо рақси зебои худ ба ҳозирон кайфияти воло бахшиданд.
Дар идомаи тадбир ҷонишини директори мактаб доир ба корҳои маънавию маърифатӣ Истода Аминова, яке аз намояндагони фаъоли маҳалла Давлат Шарифов ва дигарон дар бораи аҳамияти тадбир бобати дар рӯҳи муҳаббат ба Ватан тарбия кардани насли ҷавон ҳарф заданд.
Яке аз хонандаҳои мактаб Азиза Саъдуллоева андешаҳои худро перомуни чорабинии фарҳангӣ чунин баён кард:
– Имрӯз дар ин тадбири бошукӯҳ иштирок карда, дар бораи яке аз фарзандони диловари Ватан, ки баҳри тинҷиву осоиштагии диёр ҷон нисор кардааст, маълумот гирифтем. Ҳар яки мо – ҷавонон бояд ба Ватани худ чунин муҳаб­бат дошта бошем, хоки онро муқаддас донем ва барои равнақи кишвар саҳм гузорем. Хонандагон таъкид карданд, ки шоир Ҳабиб Юсуфӣ бо як қатор ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Ин беҳуда нест. Ин нишонаи муносиб қадр гардидани хизматҳои шоистаи шоири ватандӯсту ватанпарвар мебошад ва аз ин хулосае бармеояд, ки Ватан ҳеҷ гоҳ чунин фарзандони диловар ва фидокори худро фаромӯш намекунад.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ