Ба муаммоҳои ҷавонон роҳбарони сектор эътибор медиҳанд



Роҳбарони секторҳои вилояти Самарқанд ба аҳолӣ, хусусан ба ҷавонон дар бораи корҳое, ки дар сохтори «маҳаллабай» бобати ҳалли муаммоҳои ҷавонон амалӣ карда мешаванд, ҳисобот доданд.
Тадбире, ки дар шаҳри Самарқанд ба тарзи фестивал ташкил карда шуд, бо марафони пиёдагардӣ оғоз ёфт. Дар он беш аз 3 ҳазор иштирокчӣ аз майдони Регистон ба воситаи Хиёбони донишгоҳ то бинои Театри драмаи мусиқии Самарқанд зери шиори «Панҷ ҳазор қадам барои ҳаёти солим!» пиёда ҳаракат карданд. Онҳо дар шафати театр машқи тарбияи ҷисмонии пагоҳирӯзиро иҷро намуданд.
Ҷавонон дар кӯчаи Камол Ота Турк намоиши аслиҳа ва техникаҳои ҳарбиеро, ки бо ташаббуси Округи ҳарбии марказӣ ташкил карда шуд, инчунин баромади аскарҳоро тамошо карданд.
Вохӯриҳо дар доираи тадбир дар Боғи марказии истироҳати ба номи Алишер Навоӣ бо баромадҳое, ки дар худ 5-то ташаббуси муҳими президентамон пешгузоштаро ифода мекунанд, давом кард.
Инчунин, дар Маркази китобхона – ахбори ба номи Пушкини вилоят ва Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои ахбор тадбирҳои «Рӯзи дарҳои кушода» баргузор гардиданд.
Роҳбарони секторҳои вилоят дар Маркази ҷавонони Самарқанд ба ҷавонон роҷеъ ба корҳое, ки барои ҳалли муаммоҳои ҷавонон дар сохтори «маҳаллабай» амалӣ мешаванд, ҳисобот доданд. Дар вохӯрӣ ҷавонон муаммоҳоеро, ки онҳоро азият медиҳанд, ба миён гузоштанд ва пешниҳодҳои худро баён карданд. Роҷеъ ба ҳалли онҳо ба мутасаддиён вазифаҳо супурда шуданд.
Вохӯриро, ки дар шакли видеоконференсия гузашт, вакилони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳида карданд.
Дар давоми тадбир ба як гурӯҳ ҷавонони бекор, ки хоҳиши бо соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ машғул шудан доранд, сертификатҳои кредитҳои имтиёзнокро супурданд.
Ҳамон рӯз дар шаҳракҳои ҳамшафати Самарқанд низ чунин тадбирҳои маданӣ-­маърифатӣ ташкил карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ