Алберт Эйнштейн мегӯяд, ки…


Алберт Эйнштейн мегӯяд, ки ман 20-сол муаллимӣ кардаам лек:
1. Ҳеҷ гоҳ дафтари ҳозир ғойиб надоштам; чун синф бояд онқадар ҷаззоб бошад, ки бидуни дафтари ҳозир ғойиб шогирдат ба дарс биёяд.
2. Ҳеҷ гоҳ саъй накардам синфамро ғамгин ва афсурда нигаҳ дорам, чун синф хонаи дуввуми шогирд аст;
3.Ҳар шогирде, ки дер омад дар синф роҳаш додам. Чун медонистам, ки агар 10 дақиқа ҳам ба синф биёяд эҳсоси масъулият кардааст.
4. Ҳеҷ гоҳ беш аз ду бор ҳарфҳоямро такрор накардам, чун онқадар ҷаззоб дарс мегуфтам, ки ҳеҷ кас нагуфт бори саввум такрор кун;
5.Ҳеҷ гоҳ 90-дақиқа дарс надодам, чун медонистам зарфияти шогирди мутавассит, камҳуш ва боҳуш бо ҳам фарқ дорад;
6. Ҳеҷ гоҳ шогирдеро ҷаримаи нақдӣ накардам, чун медонистам бачаи мустазъаф (заиф, нотавон) бошад ё ятим;
7. Ҳеҷ гоҳ шогирдеро дар дафтар (идора, кабинет) мунтазир накардам, чун медонистам дар дафтар истодан шикасти ғурури шогирд мешавад;
8. Ҳеҷ гоҳ танбеҳи инфиродӣ накардам, балки гурӯҳи танбеҳ кардам, чун медонистам танбеҳи гуруҳи ҷанбаи саршарми дорад вале танбеҳи инфироди ғурурро мешиканад;
9. Ҳамеша саволҳоеро мекардам, ки мутмаин будам ҷавобашро медонанд чун медонистам куҷояшро намедонанд, намепурсидам…
Муаллим (омӯзгор) дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ