Соли оянда дар Самарқанд саммити СҲШ гузаронида мешавад



Фармоиши Президент «Дар бораи чораҳои омодагӣ ба саммити Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соли 2022 дар Самарқанд гузаронида мешавад» (таҳти рақами Ф—5636, 23.02.2021) қабул карда шуд.
Мувофиқи фармойиш, ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии ташкилӣ оид ба омодагӣ ба саммити Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2022 дар Самарқанд ва нақшаи кории марҳила ба марҳила гузаронидани тадбирҳои саммит тасдиқ карда шуд.
Инчунин, фаъолияти сомонаи www.sco-summit2022.uz ба роҳ монда шуд. Дар ин ҷо маълумоти дахлдор дар бораи раисии Ӯзбекистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай мунтазам гузошта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ