Шаби футбол дар Аврупо: “Бавария” ва “Челси” рақибони худро шикаст доданд


Шаби гузашта дар Аврупо ду бозии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор шуд.
“Бавария”-и Мюнхен ба шаҳри Рим сафар кард ва ба “Латсио” имконе нагузошт. Ба чор тӯби олмониҳо шогирдони Филиппо Инзаги тонҳо бо як гол ҷавоб доданд. Левандовский, ки голи якуми дидорро ба номи худ сабт кард, беҳтарин футболбози бозӣ эълон шуд.
Дар ин шаб “Атлетико”-и Мадрид бо “Челси”-и Лондон дидор кард. “Челси” дар ин шаб бори аввал таҳти сармураббигии Томас Тухел ба майдон рафт. Суперголи Оливие Жиру дар дақиқаи 68-ум барои пирӯзии лондониҳо дар ин шаб кофӣ шуд.
Имшаб бозиҳои “Боруссия М” – “Манчестер Сити” ва “Аталанта” – Реал” баргузор мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ