«Эвертон» cоҳиби варзишгоҳи нав мешавад



“Эвертон” аз варзишгоҳи «Гудисон Парк» ба варзишгоҳи нав мекучад. Мақомоти Ливерпул тасмим гирифтанд, ки як варзишгоҳи нав бунёд кунанд. Варзишгоҳ дар макони собиқ Брэмли-Мур то соли соли 2024 сохта мешавад. Минбарҳо метавонанд 52 ҳазор тамошобинро қабул кунанд. Арзиши сохтмон 572 миллион фунт стерлинг хоҳад буд. Қаҳрамони нӯҳ каратаи Англия дастаи “Эвертон” рақибонро дар “Гудисон Парк” истиқбол мекунад. Ин бино, ки соли 1892 сохта шудааст, якчанд маротиба азнавсозӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ