Лоиҳаи ислоҳи кодекс: даромади ноқонунӣ – парвандаи ҷиноӣ


Дар лоиҳаи ислоҳи кодекси ҷиноии Ӯзбекистон боз кардани парвандаи ҷиноӣ ба далели даромади ноқонунӣ пешбинӣ мешавад.
Ҳадаф аз ин лоиҳа пурзӯр кардани масъулияти коррупсия мебошад.
Лоиҳаи кодекс моддаи алоҳидае дорад, ки дар он масъулияти даромади ноқонунӣ сабт шудааст. бино бар он, агар сарвати корманди давлатӣ аз меъёри пешбинишуда дар декларатсияи молу мулк барзиёд бошад, ин корманд аз 100 то 200 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима хоҳад супурд, ё ба муддати то 3 сол музди ӯ ситонда мешавад.
Дар лоиҳаи кодекс пораи моддӣ ва ғайримоддӣ дар як қатор зикр гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ