Шӯриши маҳбусон дар Эквадор: 67 нафар кушта шуд


Якбора дар се зиндони Эквадор маҳбусон шӯриш ба по карданд. Бино ба хабари AFP ба нақл аз пулиси ин кишвар, 67 нафар дар ин ҳодиса кушта шудаанд.
Бар асоси маълумоти муқаддимотӣ, муборизаи гурӯҳҳои ба ҳам душмани қочоқчиёни маводди мухаддир боиси ин шӯриш будааст. Чанд нафар корманди пулис дар ин ҳодиса захмҳои гуногун бардоштан. Шумори дақиқи онҳо маълум нест.
Ба гуфтаи Ленин Морено, раисҷумҳури Эквадор, зиндонҳои ноором ҳоло сахт назорат мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ