Бонуи ӯзбекистонӣ аз номи кишварҳои минтақа дар минбари ҷаҳонӣ суханронӣ мекунад


Намояндаи Ӯзбекистон дар минбари Созмони милали муттаҳид аз номи бонувони кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора Танзила Норбоева, раиси Сенати Олий Маҷлис дар маҷлиси ҳисоботии Порлумони ҷавонон маълум кард.
Бино ба хабари Kun.uz, Норбоева гуфт, “Рӯзи гузашта бо тавсияи СММ мулоқоти бонувони лидери Осиёи Марказиро баргузор кардем. Дар ин маҷлис бонувони панҷ кишвар ҷамъ омадем. Ба зудӣ намояндагони афғонистонӣ низ ба мулоқот ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи раиси Сенат, ҳар сол дар моҳи март маҷлиси СММ бобати масъалаҳои бонувон барпо мегардад. Дар мулоқоти нахустини бонувони лидери минтақа Ӯзбекистон ҳамчун намояндаи бонувони кишварҳои минтақа дар минбари СММ интихоб шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ