Қарори Президент: Ҳамаи дорухона ва муассисаҳои тиббӣ ба платформаи ягона пайваст мешаванд


Қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон – “Дар бораи чораву тадбирҳои роҳандозии босамари рақамисозии соҳаи ҳифзи тандурустӣ” қабул шуд.
Мақсад аз ин қарор рақамисозии соҳи ҳифзи тандурустӣ ва ҷорӣ кардани маҷмӯаи ягонаи системаи ахборот, коҳиш додани тартибу танзим дар ҷараёни идоракунӣ, боло бурдани сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини самарбахшии кори ходимони тиббӣ мебошад.
Барои амалӣ кардани ин мақсад дар назди корхонаи давлатии “Маркази рушди технологияҳои коммуникатсияи ахборот”-и вазорати ҳифзи тандурустӣ ширкати “IT-Med” таъсис меёбад.
Яке аз вазифаҳои муҳимми “IT-Med” ҷорӣ кардани платформаи ягонаи системаи ахбороти соҳаи ҳифзи тандурустӣ” мебошад.
IT-Med” вориси ҳуқуқ, маҷбурият ва шартномаҳои “Маркази рушди технологияҳои коммуникатсияи ахборот” хоҳад буд.
А. А. Абдувахитов, мушовири раисҷумҳури Ӯзбекистон ва Б. А. Мусаев, муовини сарвазири Ӯзбекистон барои назорати иҷрои ин қарор ӯҳдадор шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ