«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» иртиботи ҳавоиро бо Деҳлӣ аз нав барқарор мекунад



«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» иртиботи мунтазами ҳавоиро дар масири «Тошканд-Деҳлӣ-Тошканд» аз 5-уми март барқарор мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон.
Ёдовар мешавем, ки мамлакати мо аз 16-уми марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиётиро бо кишварҳои дигар муваққатан боздошт. Аммо, ҳоло иртиботи ҳавоӣ байни давлатҳо тадриҷан барқарор карда мешавад. Моҳи сентябри соли гузашта Ӯзбекистон иртиботи ҳавоиро бо Беларус, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ