Қарори нав дари имкониятҳои навро боз кард

Дар сохтори таълими халқи кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ва ислоҳоти зиёд татбиқ карда мешавад. Дар тӯли чанд соли охир дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бобати баланд бардош­тани сифати таълим корҳои шоён амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, бар асоси қарори Президенти мамлакат аз 25-уми январи соли ҷорӣ «Дар бораи дастгирии фаъолияти илмиву тадқиқотӣ дар соҳаи таълими халқӣ ва ҷорӣ намудани сохтори рушди касбии бефосила» акнун барои такмили ихтисоси педагогҳо сохтори таълимӣ оид ба барномаҳои аз рӯйи гурӯҳҳо ба роҳ монда мешавад. Яъне, вобаста ба сатҳи малакаи омӯзгорон, дониш, салоҳияти илмиву педагогӣ, омодагии психологӣ ва таҷрибаи кории онҳо бозомӯзӣ мешаванд. Ин барои омӯзгорон чӣ гуна бартарӣ дорад?
То ҳол омӯзгороне, ки таҷриба ва малака доранд, бо кормандоне, ки нав ба кор сар мекунанд, дар асоси як барнома таълим мегирифтанд. Табиист, ки дар ин раванд омӯзгори камтаҷриба ақиб мемонад ва наметавонад барномаро пурра аз худ кунад. Баъзе омӯзгорони ботаҷриба аз барномаҳо чизи наве омӯхта наметавонанд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки аз рӯйи гурӯҳҳо такмили ихтисос намудани кормандони соҳаи таълими халқ самарабахштар аст.
Инчунин, бар асоси қарор барои додани тоифа, нигоҳ доштани он, аз аттестатсия гузаштан дар давоми сол иҷозат дода шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки мураббиён бояд барои боло бурдани сатҳи дониши худ доимо кор кунанд.
Ҷиҳати муҳими қарор дар он аст, ки қаблан кормандони соҳаи таълими халқ дар 5 сол як маротиба такмили ихтисос менамуданд, аммо тибқи қарор, ин раванд мунтазам сурат мегирад. Инчунин, тавассути платформаи электронии махсуси «Таҳсилоти бефосилаи касбӣ» траекторияи фардии рушди касбии ҳар як омӯзгор таҳия карда мешавад. Дар он платформаи электронии омӯзгор тартиб дода шуда, маълумотҳоро дар бораи траекторияи ривоҷи касбӣ, натиҷаҳои инкишофи касбӣ ва азхудкунии барномаҳои таълимиро дар бар мегирад.
Хулоса, ин қарор дар самти такмили ихтисоси кормандони таълими халқ ҳуҷҷати муҳим гардида, барои омӯзгорон дари имкониятҳои навро боз мекунад.

Парвина АЛОҲИДДИНОВА,
муаллими синфҳои ибтидоии мактаби
таълими умумии рақами 54-и ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ