Шоире, ки «ошиқи зиндагӣ» аст



Адиб ва рӯзноманигор, шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода, ки ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекиро ба қавли самарқандиён об карда хӯрдааст, дар арафаи 70-солагии хеш аз ҷониби «Турон-­нашр» тӯҳфаи аҷоиб – асари «Ошиқи зиндагӣ»-ро гирифт, ки ба муносибати мавлудаш чоп шуд. Ба китоб устод Адаш Истад сарсухан навишта таъкид кардааст, ки Нормурод дар деҳаи Кӯи сахо, дар лаби рӯди пуробу хушҳавои Маздоҳин чашм ба олами ҳастӣ кушода, тӯли солҳост бо эҷод машғул мебошад.
– Даҳ китоби шеър нашр кардан дар Самарқанд ба касе насиб накардааст, – иброз дорад устод Адаш Истад. – Ман Нормуродро таъриф карданӣ шавам, Лоиқи Самарқанд мегӯям.
Воқеан, бештари намунаҳои шеърҳое, ки дар ин китоб рӯзгор ва осори Каримзода гирд омадаанд, аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ гирифта шудаанд, ки беҳтарин шеърҳои рӯзмарра ва публисистикаи шоир ва мунаққиду ҳамкасбон, шогирдону дӯстон аст.
«Нормурод Каримзодаро аз аввали солҳои ҳаштод мешиносам, – навиштааст номзади илмҳои санъатшиносӣ Мардон Шарофов. – Мо ҳар ду муаллими кафедраи фалсафаи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи устод С. Айнӣ будем…
Аснои мутолиаи шеърҳояш эҳсос мешавад, ки Нормурод Каримзода шоири даврону замони мост. Гуфтораш нек, ҳиссиёташ пок, нармдил, воқеотро образнок дарк мекунад, хайрхоҳ аст. Бунёдкориҳо, рӯйдодҳои навини рӯзгор, ҳусни зебо ва ақлу хиради дилбарон, меҳру рафоқати дӯстон, панди пирон ӯро ба ваҷд меоранд, илҳом мебахшанд, ба шоир гуфтан, сурудан водор менамоянд.
Нормурод шоири ватансарост. Меҳри ватан ӯро шоир кард…
Ҳар ваҷаб хоки Ватан
бар ман бувад поку азиз,
Дар Самарқанди мунир
оғози ирфони ман аст.
…Аммо пайдост, ки вуҷудаш, мазмуни ҳаёти шоир аз ишқи Ватан, зиндагӣ, меҳри дӯстон обод аст ва тазоҳури он аз дили чун оби чашмаҳои мусаффо фаввора зада бармеоянд ва дили хонандаро бо маъно ва бадеияти худ мунаввар мегардонанд».
Устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессорон Садрӣ Саъдиев, Шавкат Шукуров, Ҷумъа Ҳамроҳ, Абдусалом Самадов, доктори улуми фалсафа, шоири номдори Ӯзбекистон Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, мудири шӯъбаи рӯзномаи «Овози тоҷик» Хусрав Ҳамидов, мунаққиди адабӣ Абдухолиқ Набавӣ (Тоҷикистон), шоир Абулқаюми Ҳасанзод, шогирдони вафодораш Дилрабо Насимӣ, Холмурод Муртазоев, Ситорабону Раҳмонбердиева ва дигарон доир ба эҷодиёти шоири соҳибистеъдод некбинона, самимона суханронӣ кардаанд, назари таҳлилӣ ва фалсафии худро иншо намудаанд.
Дар поёни китоб намунаҳо аз эҷоди соҳибҷашн гирд оварда шудааст, ки инак, чанд байт аз «Маҷрои умр» ном шеър иқтибос меорем:
Мерасад синнам
ба ҳафтоди расо,
Солҳои навҷавонӣ рафт, рафт.
Шукри беҳад,
раҳсипорам беасо,
Талху шӯри
зиндагонӣ рафт, рафт.
Ёфтам аз зери дарёи ҳаё,
Дурру мақсуд то
ба қадри холи худ.
Тофтам рӯ аз навботи наҳсзот,
Такя кардам бар
тавону моли худ…

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
журналист

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ