Дар Қибрай шаҳраки Олимпия месозанд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон рӯзи 25 феврал бо лоиҳаҳое, ки дар вилояти Тошканд амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳур, яке аз чунин лоиҳаҳо сохтусози шаҳраки Олимпия дар ноҳияи Қибрай мебошад. Шаҳраки Олимпия бо таваҷҷӯҳ ба баргузории мусобиқаи “Бозиҳои Осиё дар миёни ҷавонон-2025” дар Тошканд бунёд мешавад. Чунин мусобиқаи мӯътабар бори нахуст дар Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Ба ин далел, раисҷумҳур дастур дод, ки аз ҳамин лаҳза ба мусобиқа пухта омодагӣ дида шавад. Шаҳрак дар майдони 160 ҳектор қад хоҳад афрохт.
Ҳамчунин, дар паҳлӯи шаҳраки Олимпия боғи 155-ҳекторӣ бунёд мегардад. Боғ фақат дарахту гулу бутта хоҳад дошт. Гуфта мешавад, ки ин “минтақаи сабз” ба экологияи шаҳр таъсири мусбат низ мерасонад ва сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ