#Варзиш Исми сармураббии нави «Барса» маълум шуд



Сармураббии дастаи “Арсенал” — Микел Артета метавонад сармураббигии “Барселона”-ро ба зима гирад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин вариант имкон дорад, агар Жоан Лапорта дар интихоботи президентии “Барселона” пирӯз шавад. Ёдовар мешавем, ки овоздиҳӣ 7 марти соли 2021 баргузор мешавад. Ғайр аз Лапорта, Виктор Фонт ва Тони Фрейша барои курсии президенти клуби каталонӣ сабқат мекунанд. Сармураббии феълии “Барселона” мутахассиси ҳолландӣ — Роналд Куман мебошад, ки аз моҳи августи соли 2020 инҷониб ин дастаро раҳбарӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ