Бемории ҳепотит чӣ гуна беморӣ аст?



Бемориҳои ҳепотит илтиҳоби бофтҳои ҳуҷайраи ҷигар буда, сабаби пайдошавиашон вирусҳои гуногун мебошанд. Вирусҳо ба бофту ҳуҷайраҳои ҷигар осеб расонида, ҳепотитро ба вуҷуд меоранд. Гурӯҳҳои зиёди ин беморӣ, аз ҷумла, ҳепотитҳои A, B, C, D, I, F ва J вуҷуд доранд, ки вирусҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳамчунин, роҳҳои сироятёбӣ, дармон ва табобати гуногуни худро доранд. Тибқи омори расмии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ҳепотит аз лиҳози маргу мир дар байни бемориҳои уфунӣ дар ҷаҳон пас аз бемории сил дар ҷойи дуюм меистад.
Нишонаҳои бемории ҳепотитҳои вирусӣ вобаста ба намуди онҳо мебошад. Ҷараёни беморӣ ду намуд, ҳод ва музмин мегузарад. Аломатҳои ҳод дар аввал ба мисли бемории зуком буда, баъдан заҳролудшавӣ, хастагӣ, беҳолӣ, аз ҳисоби зиёд шудани миқдори билирубин дар хун зардӣ дар луопардаҳои чашм, сафедшавии наҷосат ва қаҳваранг шудани пешоб дар беморон бештар дида мешавад. Фарқияти аломатҳои ҳепотитҳои вирусӣ байнӣ худи вирусҳо ҳастанд, ки дар аломати клиникӣ дида намешавад. Мо танҳо бо озмоишҳо муайян карда метавонем, ки кадом намуди вирус аст, ки ба организм ё ҷигар осеб расонидааст. Танҳо бо воситаи озмоишҳои лабораторӣ навъи вирусро муайян карда, ташхис мегузоранд.
Вируси ҳепотити В дар моеъоти гуногуни бадан, монанди оби даҳон, шири модари бемор, оби манӣ, моеъи маҳбал дида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии сироятёбӣ ин тамоси хунӣ ва алоқаи ҷинсӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, сироятёбии тифл аз модар, ҳангоми таваллуд эҳтимол дорад. Ҳамчунин, лавозимоти тиббӣ ва асбобҳое, ки ҳангоми хизматрасонӣ дар кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, духтурони амрози занона, дандонпизишкон истифода мешаванд, манбаъҳои сироят дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Тақрибан як дарсади беморони ҳепотити В-и музмин бидуни табобат вирус аз баданашон пок мешавад. Вале аз байни онҳо то 2-3 нафарашон такроран ҳепотит пайдо мекунанд ва ҳар шаш моҳ аз ташхиси духтур мегузаранд. Агар дар хонавода як нафар дорои вирус бошад, эҳтимоли интиқоли беморӣ ба аъзои дигари хонавода вуҷуд дорад, вале ин тамоси мудовим ва тӯлониро металабад. Бинобар ин, ба ҳамаи аъзои хонавода бояд ваксини зидди ҳепотити В гузаронида шавад.
Вируси ҳепотитро нисбат ба вируси COVID-19 хатарноктар ҳисобидан мумкин аст. Зеро агар вируси ҳепотит дар муҳити атроф зиёда аз 15 сол зинда монад, вируси COVID-19 баръакс, дар муҳити берун на он қадар муқовим буда, аз таъсири нури офтоб, моддаҳои кимиёвӣ нобуд мешавад ва дар организми инсон низ умри зиёд намебинад. Дар сурати вируси ҳепотитро муолиҷа накардан, то охири умр зинда боқӣ монда, дар натиҷаи беаҳамиятии шахси бемор метавонад сабаби сироятёбии дигарон шавад. Вируси COVID-19 пас аз гузаштани фурсати муайян аз бадани инсон комилан дур мешавад.
Табобати махсуси бемории COVID-19 то имрӯз дақиқ нашудааст. Лозим ба ёдоварист, ки 85 дарсади беморони COVID-19 ба дармон ниёз надоранд, танҳо 15 фоизи боқимондаи онҳо дар бемористонҳо табобат мегиранд. Муолиҷаи COVID-19 нисбат ба табобати ҳепотит осонтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ