Ҳоли хароби Пули Муғоб

Ҳамарӯза ҳазорон нафар ронандаву мусофир аз ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ ва Самарқанд ба шаҳр аз тариқи Пули Муғоб мераванду бармегарданд. Пули Муғоб, ё кӯпруки Оби Машҳад дар роҳи мошингарди миёни шаҳрҳои Самарқанд ва Ургут ҷойгир аст ва аҳамияти давлатӣ дорад.
Кӯпруки ҷӯйи Оби Машҳад чандин муддат аст, ки таъмирталаб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Вақте, ки ҳамарӯза аз ин роҳ мегузаред, ё аз ронандагон мепурсед, мефаҳмед, ки масъулони роҳсозӣ то ҳол ба ин ҳолат эътибор надодаанд.
Барфу борони тирамоҳу зимистон як тарафи роҳро кайҳо шуста рафтаасту як “бордюр” – монеаи бетонии роҳ ҳоло ба сӯи ҷарӣ сар хам карда ва “мунтазир”-и фоҷеае нишастааст. Инак фасли баҳор омад ва ба зудӣ мавсими борон низ оғоз мешавад. Агар садорати роҳсозии вилоят сари вақт ин муамморо наомӯзад ва ин қисмати роҳро таъмир накунад, муаммои хурд ба мушкили калоне табдил меёбад. Аз ин роҳ лӯлаҳои (қубур) обу газ низ гузаштааст, ки дар натиҷаи садама метавонанд осеб бинанд. Муҳимтар аз ҳама боришоти баҳорӣ бемуболиға дар ин роҳ ҷони мусофирону ронандагонро зери хатар мегузорад. Чӣ хеле, ки гуфтем, яке аз монеаҳои бетонӣ қисман ба зер фурӯ рафтааст ва борони мунтазам метавонад онро ба пастӣ равон кунад.
Мо дар ин бора ба Садорати роҳҳои мошингарди вилоят чандин бор занг задем. Мутаассифона, шумораҳои садорат кор намекунанду хомӯшанд.
Умед дорем, ки баъди ин мақола масъулон вазъияти кӯпруки Оби Машҳадро меомӯзанд ва фавран онро таъмир мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ