Қарори ҳокими вилояти Самарқанд



ДАР БОРАИ СЕССИЯИ БИСТУ ПАНҶУМИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД ДАЪВАТИ ШАШУМ

Дар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:
Сессияи бисту панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум рӯзи 5-уми марти соли 2021 дар соати 9:00 даъват карда шавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
– ҳисоботи маҷмӯаи Садорати инвеститсияҳо ва савдои хориҷии вилоят “Дар бораи корҳое, ки бобати ҷалби инвеститсияҳо, фароҳам овардани шароитҳои хуб барои сармоягузорон, инчунин, татбиқи васеи лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мегарданд”;
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят, сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила А.Умаров “Дар бораи ҳолати иҷрои Барномаи чораву тадбирҳои маҷмӯӣ барои солҳои 2020-2021 роҷеъ ба бартараф кардани ҳолатҳои никоҳи барвақт ва таваллуди бармаҳал, инчунин, муаммоҳои бо ҷудошавии оилаҳо вобаста”;
– ҳисоботи ҳокими ноҳияи Қӯшработ Ҳ.Оқбӯтаев «Дар бораи иҷрои барномаи чораву тадбирҳои амалӣ оиди беҳдошти вазъи ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мутобиқи нишондиҳандаҳои рейтинги баҳодиҳӣ ба дараҷаи ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ;
– масъалаҳои дигар.
Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ.
1-уми марти соли 2021, шумораи 32 – Қ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ