Майл ба ширинӣ нишонаи норасоии сафеда дар организм аст


Пуҷа Маҳиҷа, диетологи ҳиндустонӣ дар бораи нишонаҳои норасоии сафеда дар организми инсон ва роҳҳои аз байн бурдани он маълумот дод.
Бино ба хабари Times of India, мутахассиси ҳинд мегӯяд, ки майл ба ширинихӯрӣ дар натиҷаи норасоии сафеда дар организм пайдо мешавад. Ба гуфтаи ӯ, агар мағзи сари шумо шакар мехоҳад, дар асл организми шумо ба сафеда эҳтиёҷ дорад.
Муҳим аст, ки дар таркиби хӯрокҳои ҳаррӯзаи мо миқдори сафеда кофӣ бошад. Хӯроке, ки протеин зиёд дорад, барои ҳосил шудани гормони лептин шароит месозад. Лептин ин гормони серӣ мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ