Чаро иттиҳодияи фанҳо ва дарсҳои маҳорат ташкил карданд?

Бо ташаббуси Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд се моҳ пеш бори аввал дар сохтори таълими мамлакатамон барои омӯзгорони мактабҳои таълими умумӣ Иттиҳодияи фанҳо ташкил карда шуд.
Ба қарибӣ, ба муносибати ҷамъбасти зинаи якуми дарсҳои маҳорат дар мавзӯи «Дар назди Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд – Иттиҳодияи фанҳо таълим додани донишомӯзони мактабҳои таълими умумӣ, таъмин кардани муштаракии таълиму тарбия ба воситаи равона кардани онҳо ба муассисаҳои таълими олӣ – пойдевори оянда» семинари таълимӣ баргузор гардид.
Онро Кумитаи давлатии ветеринария ва ривоҷдиҳии чорводории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати таълими халқи вилоят ва Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд дар ҳамкорӣ ташкил карданд.
Семинарро муаллифи лоиҳаи мазкур, ректори Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд профессор Худойназар Юнусов кушода, роҷеъ ба мақсадҳои иттиҳодияи фанҳо, тартиби таҳсил дар он ахбор дод. Дар семинар сардори Садорати Кумитаи давлатии ветеринария ва ривоҷдиҳии чорводории Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон Ҷаҳонгир Турсагатов ва ҷонишини якуми сардори Садорати таълими халқи вилоят Қӯлдош Саидов иштирок карданд.
Дар доираи семинар дар донишкадаи мазкур намоишгоҳ ташкил карда, ба иштирокчиён роҷеъ ба ихтисосҳое, ки дар Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд таълим дода мешаванд, маълумот доданд.
Қайд гардид, ки Иттиҳодияи фанҳо дар даври гузашта 81-то дарсҳои маҳорат ташкил намудааст ва дар онҳо беш аз 400 нафар омӯзгорон иштирок кардаанд.
Дар анҷоми семинар ба устодони донишкада, ки машғулотро судбахш ва шавқовар ташкил кардаанд ва омӯзгорони мактабҳо, ки фаъол иштирок намудаанд, ифтихорнома ва дипломҳо супурда шуданд. Инчунин, ба донишомӯзони аълохони синфҳои хатмкунанда (аз рӯйи ихтисосҳои донишкада) «Стипендияи ректор»-и якмаротабаина ва дипломҳо доданд.
Зинаи дуюми дарсҳои маҳорат аз 1-уми март то моҳи июни соли равон аз фанҳои забони модарӣ ва адабиёт, таърих, забони англисӣ, забони русӣ, информатика, математика, биология, кимиё ва физика баргузор хоҳанд шуд.

Тошқул АЗИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ