Интернет не, бепарвоии волидайн ҷавононро «вайрон мекунад»

Бисёре аз пиронсолон рафтори ҷавонони имрӯзаро бо ҷавонии худ муқоиса карда, оҳ мекашанд. Бо назардошти муҳите, ки ҳоло моро иҳота кардааст, дарк мекунем, ки ин муқоиса шояд одилона набошад. Имрӯзҳо омилҳои зиёде ҳастанд, ки ба рафтори на танҳо ҷавонон, балки афроде, ки бисёр чизҳоро дидаанд, таъсири манфӣ мерасонанд.
Технология дар ҳоли рушд аст. Имрӯз мо ягон лаҳзаи ҳаётамонро бе он тасаввур карда наметавонем. Мошин, телефон, телевизор, компутерҳову интернет, ки моро ба ҳам наздик мекунанд, дарро ба имкониятҳои бешумор боз кардааст. Мутаассифона, дар паси ин дарҳо ғоя ва ақидаҳои вайронкор низ пинҳон ҳастанд, ки ақли инсонро заҳролуд мекунанд.
Оё шумо хабареро шунидед, ки як ҷавони самарқандӣ барои ҷамъ кардани лайкҳо дар шабакаи «Tik-­Tok» худро аз болои бом партофтааст? Ман дар телевизор оиди ҳамин мавзӯъ филмеро дидам.
– Ману дӯстам дар шабакаи иҷтимоии «Tik-­Tok» профил кушодем. Мо бо мақсади зиёд кардани муштариён ба болои бом баромада, худро аз он партофтем. Дӯсти ман ҳоло дар беморхона аст ва табибон мегӯянд, ки ӯ ба по хеста натавонистанаш мумкин аст, – гуфт яке аз «қаҳрамонҳо» -и филм.
Ин намунаи он аст, ки чӣ гуна ин ғояҳо тавассути интернет паҳн мешаванд ва ба шуури ҷавонон таъсир мерасонанд. Ба ҷавононе, ки омодаанд барои кафкӯбии дигарон худро аз болои бом партоянд, кӣ кафолат медиҳад, ки фардо ҷиноят содир намекунанд, Ватани худ, имони худро ба манфиати муайян намефурӯшанд? Оё духтароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бешармона арзиш ва анъанаҳои миллии моро поймол мекунанд, писароне, ки ғуруру номусро фаромӯш карда, гуфтору рафтори худро бе андеша «контент» мекунанд, фарзанд, бародар ё хоҳари касе нестанд? Магар мо метавонем ояндаи худро ба чунин насл супорем?
Ба наздикӣ шоҳиди як ҳодиса шудам. Ману писарам ба автобус савор шудем. Дар роҳ ба он зани ҷавоне бо кӯдаки тақрибан 8–9 сола, ки дар тан либоси «замонавӣ» дошт, баромад. Пас аз муддате, писарбача ба модари худ, ки аз телефон чашм намеканд, нигариста гуфт: «Уф-­ф, ба дил задед, кай телефонро ба ман медиҳед? Бозии ман ба авҷи худ расида буд.» Модар бо суханони дағалона кӯдакро ором кард ва дубора ба телефон рӯ овард.
Писари 7-солаи ман, ки ин ҳодисаи нохушро тамошо мекард: «Аяҷон, чаро ин писар дағалӣ мекунад? Магар оилааш ба ӯ эҳтироми калонсолонро таълим надодаанд?» – гуфт.
Мутаассифона, дар ин ҳолат барои пеш аз тарбияи фарзанд аввал ба модараш тарбия додан лозим буд. Ба чунин модарон, эҳтимолан аз тарбияи фарзанд ба акс ё видеои беҳаёнаашон чӣ қадар «лайк» гирифтан ва чанд нафар ба онҳо «подписка» мекунанд, муҳим бошад. Инчунин, имрӯз бисёре аз волидон тавассути телефон навозиш кардани фарзандони худро ба як одат табдил медиҳанд. Оё ҷавонони дар боло мисол овардашуда меваи чунин тарбия нестанд?
Тадқиқот нишон медиҳад, ки инсон ҳар қадаре ки вақти холӣ дошта бошад, ҳамон қадар вақти зиёд барои чизҳои бефоида ё дурусттараш, зарарнок сарф мекунад. Биёед, пеш аз он ки дер нашавад, дуруст идора кардани вақти худро биёмӯзем. Ин калиди муваффақияти ояндаи фарзандони мо мебошад. Омӯзондани корбурди дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон, истифодаи мақсадноки гаҷетҳо, нишон додани намунаи шахсӣ дар ин замина ҷузъи таркибии таълимест, ки имрӯз бояд ба кӯдакон дода шавад. Инро фаромӯш накунед.

Лола САИДОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ