Дар соҳаи таълим ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ карда мешаванд



Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Абулқосими ФИРДАВСӢ
Ӯзбекистон дар соли 2020 ба узвияти яке аз аъзои Шӯрои СММ бино ба ҳуқуқи инсон пазируфта шуд. Имрӯз 47 давлати дунё узви ин Шӯро мебошад. Хусусан, бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ташаббусҳои нави бамиёнгузоштаистодаи Ӯзбекистон басе муҳиманд.
22 феврали соли равон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 46-уми СММ доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, сухан ронда, бори дигар таъкид намуд, ки ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон, ки беш аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, доимо дар мадди назар аст. Роҳбари давлати мо ба иҷлосияи мазкур чунин пешниҳодотро доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба миён гузошт:
– таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор намудани Конфронси ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон;
– бахшида ба 10-умин солгарди Эъломияи СММ оид ба таълим ва омодагирӣ дар соҳаи ҳуқуқ баргузор намудани Форуми глобалӣ;
– таъсиси институти Маърӯзаи махсус оид ба ҳуқуқи ҷавонон.
Пешниҳодоти Президент бозгӯйи онанд, ки дар соли 2021 – Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ низ татбиқи ислоҳоте, ки доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи аҳолӣ, хоссатан, ояндаи ҷамъият – ҷавонон оғоз ёфтаанд, пайгирона идома хоҳанд ёфт.
Дар мамлакатамон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид ба онҳо имсол ба сатҳи баланд бардошта мешавад, сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон бо такя ба тамоюлҳои нави замонавӣ идома пайдо мекунад.
Имрӯз ҷавонони маънавияташон баланд, дорои иқтидори зеҳнӣ ба нерӯи ҳалкунандаи рушди устувор табдил меёбанд. Онҳо ба сифати нерӯ ва иштирокчии фаъоли навсозиҳои мамлакат ба майдон мебароянд.
Дар ин росто такмил додани сохтори таълим, ба зинаи сифатан нав бардоштани он, тибқи талаботи замон зиёд кардани донишу таҷрибаи омӯзгорон, тарбиятгарони муассисаҳои таълими томактабӣ ва хонандагон аҳамияти муҳим касб менамояд. Ташаббуси Президент оиди якҷо бо Раёсати Комиссари олӣ бахшида ба 10-умин солгарди Эъломияи СММ оид ба таълим ва тайёрӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор намудани форуми глобалӣ аз он далолат медиҳад, ки солҳои охир дар соҳаи таълими кишварамон ислоҳоти васеъмиқёс ба амал татбиқ карда мешаванд.
Саъю ҳаракати давлатамон дар ҷодаи эҷоди ҳуқуқи байналхалқӣ далели он аст, ки Ӯзбекистон ба сифати субъекти баробарҳуқуқи ҳуқуқи байналхалқӣ дар доираи СММ ба эҷодгари ташаббусҳои байналхалқии муҳим табдил меёбад. Ин суханони роҳбари давлат, ки гуфт: «Ӯзбекистон ҳамчун узви Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон, принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби ҳама эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалии инсонро ҳимоя ва фаъолона таблиғ хоҳад кард», мавқеи мамлакати моро дар байни давлатҳое, ки ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд барпо менамоянд, мустаҳкамтар месозад.

Гулнора ХУДОЙБЕРДИЕВА,
дотсенти шуъбаи ихтисосонидашудаи ДДҲТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ