ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДӢ КАФОЛАТ ДОДА МЕШАВАД


Имрӯз мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон бо қонуни ягона муайян карда нашудааст. Ин муносибатҳо асосан бо зиёда аз 25 қонунгузории дар давоми солҳои 1990-2000 қабулшуда ба танзим оварда мешаванд.
Ҳамзамон, дар ҳуҷ-ҷатҳои мавҷуда мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қадри кофӣ мустаҳкам карда нашудааст. Ҳуқуқ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои асосии онҳо, инчунин ҳудуди масъулияти онҳо дар дараҷаи қонун муайян нашудааст.
Бинобар маълумотҳо танҳо дар соли 2019 ба мамлакатамон 6 млн. 748 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Ба 412 000 нафари онҳо раводиди вуруд ва ба 10305 нафар иҷозатномаи кор дода шудааст. Никоҳи 5130 шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба қайд гирифта шуда, 1615 ҳазор нафар муваққатан ба рӯйхат гирифта шуданд.
Хулоса, барои такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа як қатор масъалаҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таҳия шуда, ҳоло дар палатаи поёнии парлумон мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Доир ба ҷанбаҳои асосии лоиҳаи қонун таваққуф намоем, он ҳуқуқ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои асосии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро муайян мекунад. Пешбинӣ шудааст, ки онҳо метавонанд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси иҷозатномаи истиқомати доимӣ ё ID-корти мушаххаси ба онҳо додашуда доимӣ зиндагӣ кунанд.
Инчунин, тартиби додани паноҳгоҳи сиёсӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон, тартиби будубоши онҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вуруд, баромадан ва транзит тавассути он мустаҳкам карда мешавад.
Масъалаи дигари муҳим ин ҳудуди ҷавобгарии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ муайян мегардад. Инчунин лоиҳаи қонун масъалаҳои реторсия, яъне нисбати шаҳрвандони кишварҳое, ки ба ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон маҳдудиятҳои махсус ҷорӣ кардаанд, маҳдудиятҳои ҷавобии Ӯзбекистонро ба танзим меорад.
Баробари ин, механизмҳои муассири ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар қонунгузории байналмилалӣ эътироф шудаанд, офарида мешаванд.
Албатта, қабули ин қонунро бидуни омӯхтани таҷрибаи хориҷӣ ва байналмилалӣ тасаввур кардан душвор аст. Аз ин нуқтаи назар дар коркарди лоиҳаи қонун таҷрибаи Бритониёи Кабир, Испания, Русия, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон ва бисёр кишварҳои дигар мавриди омӯзиш қарор гирифта, қонунҳои дар ин соҳа будаи онҳо ба назар гирифта шудааст.
Инчунин дар тайёр кардани лоиҳа Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Пакти байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Пакти байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияҳо “Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак” ва “Дар бораи муносибатҳои дипломатӣ” истифода шуданд.
Умуман, лоиҳаи қонуни мазкур ҳуҷҷати ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ муҳим мебошад. Дар натиҷаи қабули он, мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муайян карда мешавад. Дар мамлакати мо барои шарикони хориҷӣ муҳити мусоид фароҳам оварда мешавад, нуфузи байналмилалии кишвар меафзояд ва механизмҳои шаффофи ҳамкории мустаҳкам бо шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҷумҳурии мо фароҳам оварда мешаванд.

Фирдавс ШАРИПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ