Ҳамзат Чимаев UFC-ро тарк кард



Размовари шведитабори Чеченистон — Ҳамзат Чимаев, ки дар ташкилоти UFC баромад мекард, ба фаъолияти варзишии худ нуқта гузошт. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи инстаграмаш иттилоъ додааст.

«Ман мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки маро дар ин роҳи душвор дастгирӣ намуданд ташаккур гӯям. Ман фикр мекунам, ҳамаи кор ба охир расид. Медонам, ки камарро ба даст нагирифтаам, аммо ин муҳимтарин пирӯзӣ дар ин зиндагӣ нест. Ин метавонад шуморо нороҳат кунад, аммо қалбу бадани ман ба ман ҳама чизро нақл мекунанд», — навиштааст Чимаев.

Ёдовар мешавем, Ҳамзат Чимаев пас аз ба таъхир афтодани рақобаташ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Чимаеви 26-сола дар намудҳои муҳорибаи омехта нӯҳ разм карда, дар ҳамаи онҳо пирӯзӣ ба даст овардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ